Дар ин росто, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 санаи 04.03.2026 дар донишгоҳ ифтитоҳи як қатор синфхонаҳои таълимӣ ба номи устодону донишмандони варзида баргузор шуд. Ин синфхонаҳо ба хотири пос доштани заҳмати пурсамари шахсиятҳое номгузорӣ гардидаанд, ки умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин боргоҳи илму маърифат бахшидаанд.







Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате беҳтару самимитар аз муҳаббати модар дарёфт карда наметавонем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ медорад. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо ҳам омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад». Аз ин рӯ, зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шукуфон буда, бо оғози фасли баҳор ва таҷлили ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави аҷдодӣ бо арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати модарону занон оғоз меёбад.
Дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология мизи мудаввар вобаста ба муқовимат ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, вобаста ба роҳҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ибрози андеша карданд.
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб аз замонҳои гузашта то имрӯз мавриди нигаронии аҳли ҷомеа қарор дорад. Тавре борҳо таъкид шудааст, ин зуҳуроти нангин ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ расонда, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад. Пешгирӣ ва муқовимат ба ин падида вазифаи муҳими ҷомеа буда, аҳамияти махсус дорад.
Миллати тоҷик яке аз куҳантарин қавмҳои ориёӣ–дорои фарҳангу тамаддун ва давлату оини давлатдорӣ буда, аз ҷониби олимону донишмандон дар адабиёти муътамади таърихӣ эътироф гардидааст. Дастовардҳои халқи тоҷик дар соҳаҳои гуногун, аз қабили иқтисодӣ–иҷтимоӣ, саноат, илму фарҳанг, маориф, адабиёту санъат ва ҳифзи муқаддасоти он, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, муқаддас донистани ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия гирифтани наслҳои наврасу ҷавонон вобаста аст. Тарбия дар рӯҳияи ҳарбӣ–ватандӯстӣ бо роҳи омӯзиши беҳтарин корнамоию қаҳрамонии фарзандони шуҷои ниёгону муосир ва ба таври ибрат истифода намудан аз далерию шуҷоатмандии онҳо дар рушду нумуи ҷаҳонбинию маҳорати ҳарбӣ–ватандӯстии муҳассилин нақши ҳалкунанда дорад.
Бо чунин ном дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш устодону донишҷӯён доир ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди коррупсия ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки таҳкими шаффофият ва поквиҷдонӣ омили муҳими рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили малакаҳои касбии омӯзгорони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба ташкили дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар ҳамин замина, дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” дарси намунавии тарбиявӣ аз ҷониби куратори гурӯҳи таълимӣ-Насимҷони Саидаъзам, дар мавзуи “Амалҳои коррупсионӣ ва таъсири он ба ҷомеа” бо иштироки ҳайати васеи омӯзгорон баргузор гардид. Машғулият бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ баргузор гардида, паҳлуҳои гуногуни амалҳои коррупсионӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» бо иштироки устодону донишҷӯён бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ҳадафи иқдом тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, гиромидошти либоси миллӣ ва фарҳанги пурғановати ниёгон, инчунин таҳкими ҳисси худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихии миллат миёни донишҷӯён ба шумор меравад.
Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд. Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд. Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз он мефахридам. Ҳар рӯз падарам субҳи барвақт ба кори хона машғул мешуд. Баъди он тез дасту рӯ мешуст. Риши худро пок метарошид. Либосҳои тозаву озода мепӯшид. Ба майли том ба мактаб, ба кор мерафт. Ман ҳам падарамро то дами дарвоза гусел мекардам. Ва омаданашро низ интизор мешудам.




