, Якшанбе, 06-сентябр

29.webp

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Тарҷумаи ҳол     Хабарҳо    Паёмҳо   Фармонҳо

31.webp

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик

Садриддин Айнӣ

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

32.webp

Муаллифи китоби "Тоҷикон"

академик Бобоҷон Ғафуров

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

33.webp

Шоири халқии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

34.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Нусратулло Махсум

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

35.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Шириншоҳ Шоҳтемур

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Мақолаҳо   19 ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢИстиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ, рамзи озодӣ ва кафили давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик Истиқлолият танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки оғози марҳалаи нави таърихӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва муайян намудани сарнавишти ояндаи кишвар мебошад. Аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 сол сипарӣ гардид. Халқи шарафманди тоҷик моҳи сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии хешро ба даст оварда, онро бо сарварии хирадмандона ва заҳмати бевоситаи марди шарифу хоксор, Пешвои раъиятпарвар, Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ҳифз карда, побарҷо нигоҳ доштанд. Тӯли ин солҳо дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии мамлакат таҳаввулот ва пешрафтҳои ҷиддӣ ба амал омаданд.

Муфассалтар

Мақолаҳо   16 РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИстиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Барои мардуми Тоҷикистон низ соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди мустақилонаи кишвар гардид. Дар тӯли 35 соли Истиқлол Тоҷикистон дар самти таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ қадамҳои устувор гузошт.

Муфассалтар

Илм ва инноватсия   36 МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБСанаи 04 сентябри соли 2026 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Холов Сафобахш Санақуловро дар мавзуи “Ниҳоди Президент ҳамчун унсури асосии ҳокимияти давлатӣ: ташаккул ва рушди он дар низоми сиёсии Тоҷикистони муосир”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ Каримов Шамсиддин Турсунматович ва кори илмии унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -  Каримов Раҳматулло Рамазоновичро дар мавзуи “Дипломатия об ва ҷойгоҳи он дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд, дар ҷаласаи кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дод.

Муфассалтар

Илм ва инноватсия   34 БАРГУЗОРИИ НАХУСТИН МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ НАХУСТИН МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНСанаи 4 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин маҳфили Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар соли таҳсили 2026–2027 таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олии миллӣ ва сиёсӣ”, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муфассалтар

Мақолаҳо   18 ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШОҲСУТУНИ БАХТИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШОҲСУТУНИ БАХТИ МИЛЛАТДар паҳнои таърих санаҳои муҳиме ҳастанд, ки ба хотираи абадии миллат табдил меёбанд ва роҳи фардои онро муайян месозанд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургу сарнавиштсоз аст. Он барои миллати тоҷик оғози як марҳилаи тозаи соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулияти бештар дар назди Ватан гардид. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки дар масири таърихи навин бо номи давлати соҳибистиқлол қадам гузорем, арзишҳои миллии худро гиромӣ дорем ва орзуи давлатдории муосири тоҷиконро бо иродаи худ амалӣ созем.

Муфассалтар

Мақолаҳо   23 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАБИАТИ ҶОВИДОНАИ ВАТАН

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАБИАТИ ҶОВИДОНАИ ВАТАНИстиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихии ҳар миллат ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик Истиқлолият на танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии таърихӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди кишвар мебошад. Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои бузург, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои пуроб, водиҳои сабз ва табиати нотакрор аст. Мавқеи ҷуғрофӣ ва гуногунии релефи кишвар барои ташаккули экосистемаҳои мухталиф заминаи мусоид фароҳам оварда, Тоҷикистонро дорои захираи муҳими биологӣ гардонидааст. Дар ин сарзамин намудҳои зиёди наботот ва ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва эндемикӣ, вомехӯранд.

Муфассалтар

Мақолаҳо   21 ЗАН - НЕРУИ СОЗАНДАИ ИСТИҚЛОЛ

ЗАН - НЕРУИ СОЗАНДАИ ИСТИҚЛОЛИстиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд.

Муфассалтар

Мақолаҳо   24 ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИстиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои бузургтарин дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва калидиест, ки расидан ба он барои ҳар як миллат шарафи бузург ва масъулияти муҳим ба шумор меравад. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намуда, дар таҳкими давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузорад.

Муфассалтар

Мақолаҳо   26 ИСТИҚЛОЛИЯТ БАРОИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ МАФҲУМИ МУҚАДДАС ВА САРНАВИШТСОЗ АСТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ БАРОИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ МАФҲУМИ МУҚАДДАС ВА САРНАВИШТСОЗ АСТИстиқлолият барои ҳар як миллат мафҳуми муқаддас ва сарнавиштсоз аст. Ҳар халқе, ки соҳиби давлати мустақил мебошад, метавонад роҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона интихоб намояд. Истиқлолият ба миллат имконият медиҳад, ки арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, таърих ва суннатҳои худро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Аз ин рӯ, истиқлолият яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат ва омили асосии худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.

Муфассалтар
  • ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

    Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар озмуни тақсимот тавассути Маркази миллии тестии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ роҳ ёфтаанд, мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то соати 17:00 дар бинои факултети химия ва биологияи донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатҳои довталабон то санаи 05.08.2026, соати 17:00 қабул карда мешавад.

  • ЭЪЛОН!

    Ба таваҷҷӯҳи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ расонида мешавад, ки Маркази таълимӣ – машваратии “Дурахшон”-и донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорон ва кормандон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026 курси семоҳаи омӯзишии “Забони русӣ”-ро ба нақша гирифтааст.

  • ЭЪЛОН!

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба диққати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона, равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ мерасонад, ки машғулиятҳои дарсии ҳузурии нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 тибқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 10.10.2025, №272 «Оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои дарсии ҳузурӣ ва сессияи санҷишию имтиҳонотии донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026» барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва 4 аз санаи 22.12.2025 оғоз  гардида то 10.01.2026 идома хоҳад кард.

  • ЭЪЛОН!

    Ба таваҷҷуҳи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ расонида мешавад, ки Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорону кормандони муассиса курси омӯзишии “Забони англисӣ”-ро тариқи ройгон барои 3 моҳ дар нақша дорад. Машғулиятҳои курси омӯзишӣ аз 1-уми декабри соли 2025 шуруъ мегардад. Раванди баргузории дарсҳо дар давоми ҳафта 2 рӯз (сешанбе ва панҷшанбе), дар ду баст (басти якум аз соати 10:00  то 11:30; басти дуюм аз соати 14:00 то 15:30) муқаррар гардидааст.

  • ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

    Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар озмуни тақсимот тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ роҳ ёфтанд, мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то соати 17:00 дар бинои факултети химия ва биологияи Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатҳои довталабон то санаи 06.08.2025, соати 17:00 қабул карда мешавад.


Эълони чорабиниҳои донишгоҳ

Сентябр

06

07

08

09

10

11

12

13

14

15

16

17

18

19